Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков дар сӯҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи дархости «Агроинвестбонк» ҷиҳати дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ ба бонкҳо ва аз ҷониби «Ориёнбонк» дастгирӣ ёфтани ин дархост, изҳор дошт, ки муроҷиати бонкҳо ба ҳукумат ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтӣ аст, зеро роҳи дигари ҳалли масъала мавҷуд нест ва агар
ҳукумат дархости бонкҳоро напазирад, бонкҳо маъракаи парвариши пунбадона дар соли ҷориро наметавонанд маблағгузорӣ намоянд.
Ӯ мегӯяд, дар сурати рад шудани дархост, бонкҳо маҷбур мещаванд, захираҳои худро истифода баранд, ки ин амал ба коҳиши ҳаҷмӣ сандуқи қарзӣ, захираҳои умумии қарзӣ бетаъсир буда наметавонад. Лаълбеков бар чунин назар аст, ки феълан равона кардани захираҳои ҳатмии бонкҳо ба дастгирии сохтор, ки тибқи қонун дар Бонки миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд, мувофиқи мақсад аст. «Шояд маҳз имрӯз замоне фаро расидааст, ки ин захираҳоро барои дастгирии бонкҳо истифода созем, зеро онҳо барои ҳолатҳои фавқуллодда ҳифозат мегарданд ва танҳо ба ин тариқ БМТ метавонад аз бонкҳои ҷумҳурӣ пуштибонӣ намояд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки роҳи дигаре мавҷуд нест.
Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон чунин ибрози назар намуд, ки дар бахши бонкӣ тавассути ҷалб сохтани захираву имконот ва афзоиши сармояи бонкҳо имкон дорад, ки вазъ дар бонкҳо қадре беҳтар карда шавад ва чун захираҳои дохилӣ хеле маҳдуданд, бидуни ҷалби сармоягузории созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ва
захираҳои беруна ин амал ғайриимкон аст.
И.Лаълбеков мутмаин аст, ки алҳол набояд асари шадидро дар низоми молиявӣ интизорӣ дошт. «Ҳукумат амалеро анҷом медиҳад: барномаи зиддибӯҳрониро таҳия сохтааст, дар бораи 200 рӯзи ислоҳот эълом кард ва иқдомҳои дигареро пеш гирифт ва ман чунин мешуморам, ки ин чорабиниҳо ба иқтисоди ватанӣ ва низоми бонкӣ кӯмак хоҳанд кард, вале ин маънои онро надорад, ки хотирҷамъ бояд шуд», - гуфт дар анҷоми сӯҳбат И.Лаълбеков.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста