Душанбе. 16-уми март ОИ «Азия-Плюс» - 14-уми март, таҳти унвони «Устод Нур ӣ : шахсият, андеша ва осор» дар шаҳри Душанбе як нишаст баргузор шуд. Он бо иштироки намояндагони давлат, корпусҳои дипломативу созмонҳои байнулмилалии муқими пойтахт, коршиносону донишмандон ва улмои ислом, ба хотири гиромидошти 62-вумин солгарди таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нур ӣ , муассис ва поягузори нахустин ҳизби сиёсии мазҳаб ӣ дар Осиёи Марказ ӣ доир шуд.

Зимни суханрониҳо нотиқон аз хидматҳо ва корномаи Саййид Абдуллоҳи Нур ӣ , раҳбари пешини Ҳизби Наҳзати исломии То ҷ икистон ва раиси собиқ Кумисиюни оштии миллии То ҷ икистон дар роҳирасидан ба сулҳ ва ризояти милл ӣ дар кишвар таъкид карданд.

Дар хатми нишасти мазкур Муҳиддин Кабир ӣ , раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Ма ҷ лиси намояндагони То ҷ икистон аз тасмими таъсиси Ҷ оизаи минтақавии сулҳи ба номи Саййид Абдуллоҳи Нур ӣ хабар дод, ки ҳамасола аз с ӯ и ин ҳизб тақдим хоҳад шуд.

Ба ин далел, тазаккур дод ӯ , устод Нур ӣ , раиси собиқи Ҳаракати Исломии То ҷ икистон, яъне як ҷ ониби сулҳ ва яке аз имзокунандагони санади сулҳи тарафҳои то ҷ ик буд, ва аз ин р ӯ Ш ӯ рои сиёсии ҲНИТ таъсиси ҷ оизаи сулҳ бо номи ӯ ро ҳаққи худ медонад.

М. Кабир ӣ афзуд, ки ҷ оизаи минтақавии сулҳ ба беҳтарин сиёсатмадорон, донишмандон, адибону р ӯ зноманигорон ва афроди саршиносе тақдим хоҳад шуд, ки бо иқдомоти худ дар амри таъмини сулҳ, рушди фарҳанги сулҳ ва ҳифзу субот дар минтақа хидматҳои шоистаеро ан ҷ ом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Кабир ӣ санаи мушаххас барои тақдими ин ҷ оиза, маблағ ва тарзи муайян кардани онро бар уҳдаи Ш ӯ рои сиёсии ҳизб вогузор кард. Ӯ таъкид кард, ки Кумисиюни мустақил барои эътои ин мукофот аз шумори афроди саршинос, донишманди берун аз ҲНИТ ташкил хоҳад шуд.

Саййид Абдуллоҳи Нур ӣ , раиси пешини Кумисиюни оштии миллии То ҷ икистон, ниҳоди муштараки давлат ва мухолифони то ҷ ик дар солҳои 1997 – 2000, баъди бемории т ӯ лон ӣ дар моҳи августи соли 2006 аз ҷ аҳон даргузашт. Дар ин бора радиои «Озодӣ» хабар медиҳад.