Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусоҳиба ба «Садои Амрико» сарвари иҷроияи ташаббуси Вулфенсон дар назди Донишкадаи Брукингс, собиқ ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Йоханесс Линн изҳор доштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ,
ба ин кишварҳо бӯҳрони энергетикиву обӣ асари шадид гузошта, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин сохтани онҳо мушкили дигар зам месозад.
Номбурда таъкид сохтааст, ки бар асари бӯҳрони энергетикӣ дар кишварҳои фавқуззикр ҳанӯз як сол пештар аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ чунин вазъ ба амал омада буд ва аз ҷониби ҳкумати кишвар чораҳо андешида шуда, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ низ бо маҳсулоту маводи гуногун ба ин кишварҳо кӯмак расониданд, вале маълум гардид, ки он нокофӣ аст. «Аз ин рӯ, Хазинаи байнулмилаии асъор, Бонки рушди Осиё ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати давлатҳо ба татбиқи барномаҳои зиддибӯҳронӣ шурӯъ намуданд», - гуфтааст вай.
Йоханесс Линн аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки чораҳои зиддибӯҳронии феълан пешгирифта кофӣ нестанд ва «зарур аст, иқдомоти бештареро анҷом дод, зеро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ акнун оғоз гардидааст ва оқибатҳои ногувори он барои баъе кишварҳо метавонанд фоҷиабор бошанд».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста