Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ноиби президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жао бо боздиди расмии дурӯза вориди Тоҷикистон гашт. Ин дақиқаҳо ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид мекунад.
Тавре аз намояндагии БРО дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи бонк маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рафти амалисозии лоиҳаҳо оид ба таҷдиди дастгоҳи кушоди барқтақсимкуни 500 кВ дар нерӯгоҳи Норак ва таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе – марзи Қирғизистон, ки аз ҷониби Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни сафари дурӯза ноиби президенти бонк ҳамчунин бо роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти расмии ҳукумат ва шарикони бонк низ мулоқот мекунад. Дар дидору гуфтушунидҳо ба масъалаҳои беҳбуди зерсохтори бахшҳои иқтисод, фароҳам сохтани шароити мусоид барои тиҷорату сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. «Ноиби президенти бонк инчунин аз макони татбиқи лоиҳаҳои сохтмон низ боздид хоҳад кард», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки Шиаою Жао ният дорад, дар чорабинии ҷашни 10-умин солгарди ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ миёни БРО ва Тоҷикистон ширкат варзад.
Маълумотнома:
Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2008 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,5 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 811,4 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 274,5 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста