Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон автомарафон барпо мекунад.
Намояндаи ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо, созмонҳои Салиби Сурхи Нидерланд, Федератсияи байнулмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх баргузор мегардад.
Ба қавли С.Назаров, ҶҲАТ назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи баргузории ин чорабинӣ тарзи ҳаёти солимро таблиғ намуда, ба аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориии сил маълумоти зарурӣ пешниҳод созад. «Дар баргузории чорабинӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид, зеро маҳз онҳо доир ба бемории сил ва роҳҳои пешгириву табобати он бояд маълумоти зарурӣ дошта бошанд», - гуфт ӯ.
С.Назаров афзуд, зимни баргузории чорабинӣ фарогирии беш аз 2500 нафар аҳолии шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат пешбинӣ мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста