Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори иттиҳод таъсис додани Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаоварро ба нақша гирифтанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ин соҳа, ки рӯз 24-уми март дар шаҳри Минск доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои вазирони умури дохилӣ, Шӯрои роҳбарони сохтори амният ва хадамоти махсус, Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод ширкат варзиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи коршиносон лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи иттиҳодро таҳия намудааст ва он ҷиҳати коркарди минбаъда ба мақомоти дахлдори кишварҳои узв ирсол мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста