Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Нахустин ширкати ҳавопаймоии тиҷоратии Тоҷикистон - «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард.
Чӣ тавре ки мудири кулли ширкат Музаффар Исҳоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тайёра дар ИМА тариқи қарзи бонкӣ харидорӣ шудааст. Ӯ аз пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба арзиши тайёра худдорӣ намуд. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ҳавопаймо ба исми асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ номгузорӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти расида аз ширкати мазкур, тайёраи мусофирбар аз Туркия ба фурудгоҳи Душанбе оварда шуда, барои 172 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст ва ба хатсайрҳои кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла шаҳрҳои Франкфурт ва Урумчӣ парвозҳо анҷом хоҳад дод. «Тайёраи нахустини навъи «Boeing 737-800»-и ширкат дар як ҳафта ҳамарӯза ба шаҳри Маскав ва як маротиба ба шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) парвоз анҷом медиҳад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, минбаъд роҳандозии парвози тайёраҳо ба шаҳрҳои Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Бангкок ва шаҳрҳои дигари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста