Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон
барои бунёди канисо дар маркази пойтахт бино тақдим кард.
Чӣ тавре ки сархохоми канисои шаҳри Душанбе Михаил Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои тақдимгардида ба сифати канисо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. «Пас аз кӯчонидани бинои кӯҳнаи канисои ягона дар ҷумҳурӣ, ки беш аз сад сол қабл бунёд гардида буд, муддати 9 моҳ аъзои ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон имкон надоштанд, ки ба таври бояду шояд маъракаҳои динии худро доир созанд», - гуфт ӯ.
М.Абдураҳмонов мегӯяд, бино дар вазъи хуб қарор дошта, таъмирталаб ҳам нест. «Айни замон ба мо баҳри бунёди канисо ҷамъиятҳои яҳудии кишварҳои хориҷӣ кӯмак мекунанд ва ният дорем, ки дар арафаи иди мазҳабии яҳудиҳо, ки 8-уми апрел баргузор мешавад, корҳоро пурра ба анҷом расонида, фаъолияти канисоро ба роҳ монем», - изҳор дошт вай.
Ба қавли номбурда, муаррифиномаи хурди канисо рӯзи 18-уми март баргузор гашта, дар он Ҳ.Асадуллозода низ иштирок доштааст. «Ҳама аъзои ҷамъияти яҳудиҳои пойтахт барои дар чунин рӯзҳои душвор дастгирӣ намудан ба ӯ миннатдорӣ баён карданд», - афзуд ӯ.
Тибқи маълумоти ӯ, феълан беш аз 300 нафар аъзои ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста