Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат Хуан Сомавия изҳор доштааст, ки баҳри пешгирии «бӯҳрони дарозмуддат ва амиқ дар бахши шуғли аҳолӣ», ки метавонад ба афзоиши бесобиқаи бекорӣ ва «коргарони қашшоқ» боис гардад, мебояд Аҳдномаи глобалӣ оид ба ҷойҳои корӣ ба имзо расонд.
Х.Сомавия сатҳи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи мубориза бо оқибатҳои бӯҳрони молиро нокофӣ арзёбӣ намудааст. «Иллатҳои бӯҳрон дар бахшҳои молия, тиҷорат, иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ ва шуғл ба ҳам алоқамандан ва аз ин рӯ, зарур аст, чораҳои сиёсӣ низ дар ин самт танзим карда шаванд», - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи пешбиниҳо, барои танзими фаъолияти мӯътадили бозори меҳнат дар солҳои 2009-2010, мебояд қариб 90 млн. ҷойи корӣ ташкил кард. «Таҷрибаи бӯҳронҳои молии гузашта собит месозанд, ки бозори меҳнат пас аз 4-5 соли барқароршавии иқтисод мӯътадил мегардад», - қайд намудааст Х.Сомавия.
Бӯҳрони сартосарӣ, ба қавли вай,
тасмимҳои глобалиро тақозо мекунад. «Бо муттаҳидшавӣ дар чаҳорчӯбаи Аҳдномаи глобалӣ шарикони СБМ имкон пайдо хоҳанд кард, ки дар ҳамоҳангсозии чораҳои сиёсии зиддибӯҳронӣ дар сатҳи глобалӣ саҳми арзанда гузоранд», - афзудааст Х.Сомавия.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста