Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Аввали моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб ва ва полиграфия баргузор мешавад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа ба баррасии масоили беҳбуди роҳандозии нашри китоб ва қабули лоиҳаи Баёния оид ба дастгирии нашри китоб дар кишварҳои узви ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаи омодагиҳо ба баргузории Озмуни
VI
-уми байнулмилалии «Санъати нашри китоб» табодули афкор хоҳанд кард. «Масъалаҳои таъсиси мақомоти нашри ИДМ ва таҳияи созишнома дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати мубодилаи маҳсулоти чопӣ байни кишварҳо низ мавриди муҳокимаи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», - гуфта мешавад дар иттилои кумитаи иҷроияи ИДМ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста