Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) барои фермерони ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тарзи дурусти кӯчати помидор ва интихоби гибридҳо семинар баргузор намуд.
Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, семинар бо мақсади омӯзиши фермерон бо тарзи дурусти кӯчати помидор, интихоби гибридҳо, парвариши он ва ба даст овардани ҳосили баланди сабзавот доир гардид. «Солҳои ахир кишоварзон дар парвариши сабзавот ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд ва семинарҳои омӯзишии корпоратсия маҳз ба баланд бардоштани ҳосилнокии сабзавот ва афзоиши даромади деҳқон нигаронида шудаанд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашма, агрономии корпоратсия Муҳаммадхон Эшбадалов дар маърӯзаи хеш ҳозиринро бо тарзи дурусту пурсамари кӯчати сабзавот шинос намуда, ба онҳо оид ба ширкатҳои Enza Zaden и Seminis, ки ба парвариши тухмии хушсифат машғуланд, маълумоти муфассал пешниҳод кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста