Чӣ тавре ки раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аввали моҳи март Ш.Мамонов дар мавзеи харобаҳои Бардара, ки он ҷо чарогоҳи хоҷагии деҳқонии «Сайдамир ҷойгир аст, аз ҷониби қочоқбарони кишвари ҳамҷавори Афғонистон гаравгон гирифта шуда буд.
Сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гуфт, як рӯз пештар аз ин ҳодиса сарчӯпони ин хоҷагӣ Ҷумъахон Менглиевро низ қочоқчиён гаравгон гирифтаанд, вале рӯзи дигар ӯро озод кардаанд.
Сарчашмаҳо аз додситонӣ ва хадамоти махсус мегӯянд, чӯпонҳо дар корҳои марбут ба «қочоқи маволи мухаддир» даст надоранд ва гунаҳкори аслӣ - роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сайдамир», ки дар содир намудани ҷиноёти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, чанде қабл ба ҳабс гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста