Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз бинокорон тариқи хаттӣ мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1»-ро дар бораи даст задан ба коршиканӣ огоҳ карданд. Онҳо пардохти музди меҳнат аз моҳи декабри соли гузашта то имрӯзро тақозо доранд ва дар сурати иҷро нагардидани талабот, таҳдид доранд, ки корҳои сохтмониро комилан қатъ месозанд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад.
Дар иттилои хабаргузорӣ гуфта мешавад, аз ситоди сохтмони нерӯгоҳ хабар додаанд, ки дар натиҷаи пардохт нагардидани қарз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 10 млн. $, онҳо имкон надоранд музди меҳнати бинокоронро ҳисоббаробарӣ намоянд ва мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон аз ин вазъ ба хубӣ огоҳ аст. «Мо борҳо ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ хотиррасон намудем, ки бинобар напардохтани қарз аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик», ширкати
мо наметавонад ҷиҳати анҷоми пурраи сохтмони иншоот таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда, музди меҳнати коргаронро пардохт намояд, вале то ҳанӯз посухи мушаххасе нагирифтаем», - омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, дар воҳидҳои ширкати мазкур тақрибан 400 коргари соҳибихтисос фаъолият дорад. Анҷоми пурраи сохтмони иншоот ахири моҳи март ба нақша гирифта шуда буд, аммо чанде қабл он то ахири моҳи апрел дароз карда шуд. Бинокорон итминони комил надоранд, ки ин мӯҳлат низ мавқуф гузошта нашавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста