Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни дидору гуфтугӯи вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо директори Раёсати федеролии молиявии Дафтари Швейтсария Петер Зигенталер ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Рудолф Шох масоили таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати молия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо оид ба вазъи мавҷуда ва чораҳои пешгирифта ҷиҳати раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ибрози ақида намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, С.Наҷмиддинов бо итминони комил изҳор дошт, ки танҳо дастаҷамъона ва бо кӯмаки ҳамдигар метавон аз бӯҳрони молӣ раҳоӣ ёфт. «Ман боварӣ дорам, ки бо мавриди амал қарор додани барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ба инобат гирифтани пешниҳоду тавсияҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ аз таҷрибаи андӯхтаашон дар кишварҳои дигар мо аз бӯҳрони молӣ муваффақона раҳоӣ хоҳем ёфт», - афзуд С.Наҷмиддинов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста