Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар номаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои 20 кишвари мутараққии ҷаҳон дар Лондон гуфта мешавад, барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.
Пан Ги Мун аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бӯҳрони молӣ метавонад ба муташанниҷ гаштани вазъ дар саросари дунё боис гардад ва аз ин рӯ, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати сабук гардонидани оқибатҳои он барои қишри осебпазири ҷомеа чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дабири кулли СММ ба иштирокдорони нишаст тавсия додааст, ки ба мушкилоти вазъи муҳоҷирон, ки ба бӯҳрони молӣ марбут аст, таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир созанд. Ӯ пешниҳод кардааст, як низоми нави иқтисодиву молиявӣ, ки таҷассумгари тағйироти вазъи воқеӣ дар ҷаҳон бошад, ташкил гардад, то ки мамолики дорои иқтисоди начандон қавӣ ва кишварҳои дарҳоли рушд қарордошта имкон дошта бошанд, дар ҳалли тасмимоти муҳим дар ин бахш ширкат варзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста