Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои баргузории аудит аз ҷониби ширкати
SGS
, Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ба гувоҳномаи низоми менеҷменти сифат (ISO 9001:2008) сазовор дониста шуда, ба
феҳристи
ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд.
Чӣ тавре ки сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ширкати
SGS
дар беш аз 100 ҳазор ширкати дунё санҷиш (аудит) гузаронида, дар ин соҳа яке аз муассисаҳои маъруф маҳсуб мегардад.
С.Қодирова иттилоъ дод, ки директори
SGS
оид ба Қазоқистон Александ Вазнюк гуфтааст, гувоҳномаи (сертификати) мазкур баҳри рақобатпазирии муваффақонаи ширкат дар бозори ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ширкати «Талко» нахустин шуда низоми менеҷменти сифати ISO 9001:2008-ро ҷорӣ сохт ва ягона ширкатест, ки дар Тоҷикистон ба гирифтани гувоҳнома муваффақ гаштааст. Молик будан ба гувоҳномаи мазкур яке аз талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад.
Ба гуфтаи С.Қодирова, ҷорисозии низоми менеҷменти сифат ба соҳиб шудани бартарияти корхона дар тендерҳо нисбат ба рақибони худ, афзоиши рейтинги корхона, беҳбуди фаъолияти пурсамари мутақобилан судманди воҳидҳо ва мутахассисони корхона, коҳиши хароҷот, тавсеъаи бозори фурӯши маҳсулот ва муттаҳидии коргарону интизоми меҳнат мусоидат хоҳад кард.
Сухангӯи ширкат ҳамчунин зикр кард, ки ташкил ва афзудани ҳаҷми содироти махсулоти ба талаботи истеъмолгарон ҷавобгӯи корхона, ҷустуҷӯ ва тавсеаъи бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, аз даст надодани мавқеи ширкат дар бозори ҷаҳонӣ ва дар ниҳояти кор ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидан, назорати доимии сифат ва дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани технология муосирро тақозо мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста