Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз 140 млн. сомонии соли гузашта ҷудогардида ба хоҷагиҳои пахтакор то имрӯз бонкҳо беш аз 40 млн. сомониашро пардохтаанд. Маблағ дар ҳаҷмҳои гуногун аз ҷониби «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк ва «Тоҷпромбонк» ворид гардида, то ҳанӯз «Ориёнбонк» аз ин ҳисоб маблағе пардохт накардааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департамент оид ба буҷаи Вазорати молияи ҶТ Нарзулло Ҳабибуллоев хабар дод.
Н.Ҳабибуллоев мегӯяд, феълан ҳукумат пешниҳоди бонкҳои тиҷоратиро бобати дароз кардани мӯҳлати қарзҳо, ки то 1-уми апрел муқаррар шудааст, мавриди барррасӣ қарор додааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март намояндагони «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва «Тоҷпромбонк» аз Вазорати молия дархост карданд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби ҳукумат ҷудогардида дароз карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, аз худи бонкҳо мегӯянд, ки маблағи пардохтшуда ба Вазорати молия айни замон 46 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар шӯъбаи маълумоту таҳлилии «Амонатбонк» гуфтанд, ба вазорат 20 млн. сомонӣ пардохтаанд, яъне 50 дарсади қарзро ҳисоббаробарӣ намудаанд.
Дар «Тоҷиксодиротбонк» изҳор доштанд, ки ҳанӯз ахири соли гузашта қарзи вазорати молия дар ҳаҷми 10 млн. сомонӣ барои хоҷагихои пахьакорро бо фоизҳояш пурра пардохт кардаанд.
Раиси раёсати «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев зикр намуд, ки бонк аз 5 млн. сомонӣ воситаҳои барои қарз ҷудокардаи ҳукумат 2,1 млн. сомониашро баргардонидааст.
Ба «Ориёнбонк» бо ин мақсад соли гузашта вазорати молия 35 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда буд, вале муяссар нагардид, ки дар ин бора маълумоте дастрас гардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста