Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт.
Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, муассисаи мазкур соли 1960 таъсис ёфта, соли 1998 Маҷлиси Олии ҶТ Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид, ки он мақоми ҳуқуқии палатаро мушаххас сохта, самтҳои фаъолияти сохторро густариш дод.
Ба иттилои манбаъ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон муассисаи ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ буда, ба корхонаву муассисоти кишвар ва соҳибкорон дар рушду тавсеъаи фаъолият ва ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷӣ кӯмак мерасонад.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Палата бо палатаҳои кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур беш аз 180 созишнома ба имзо расида, феълан худи палата узви як қатор созмонҳои байнулмилалӣ мебошад.
Айни замон беш аз 400 корхонаву муассисаи кишвар ба узвияти палата пазируфта шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста