Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Хавфи асосие, ки Тоҷикистон бо он дар соли ҷорӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар мебошад. Дар гузориши нави иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» гуфта мешавад, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба андозаи 30 дарсад ё аз он бештар коҳиш меёбад. Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба миқдори 22 дарсад поин рафт.
Имрӯз зимни муаррифии гузориши номбурда иқтисодчии Намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Зафар Ҳотамов изҳор дошт, ки соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон 60 дарсад афзудааст.
Дар гузориши нави иқтисодии БРО зикр мегардад, ки бар асари афзоиши сусти истеҳсолот ва коҳиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ, феълан сеяки аҳолии қобили кори ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар фаъолият доранд ва ин вазъ ба он оварда расонидааст, ки дар дохили ҷумҳурӣ ба мутахассисони баъзе аз бахшҳо эҳтиёҷ пайдо гардидааст. «Бо ҷойи корӣ таъмин намудани муҳоҷирони баргашта дар навбати худ ба рушди бахши хусусӣ вобаста буда, ҳарчанд ҳукумат баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ кӯшишоте ба харҷ диҳад ҳам, дар ин самт то ҳанӯз мушкилоти зиёде мавҷуданд», - афзуд З.Ҳотамов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста