Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист. Вазифаи марказ аз ташхису табобат, назорати ҷараёни муолиҷа ва дахолати фаврӣ аз макони дигар тавассути телевизион иборат аст.
Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи ёрии махсуси ташкили хизматгузориҳои тиббии Вазорати тандурустии кишвар Сафар Сайфуддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, маркази мазкур бо кӯмаку дастгирии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода мешавад. Дар ин кишварҳо чунин низом чандест муваффақона фаъолият дорад. «Маркази мазкур ба пизишкон имкон медиҳад, ки зимни табобат аз таҷрибаи якдигар пурсамар истифода кунанд», - гуфт ӯ.
Бо истифода аз таҷрибаи истифодаи телевизион вазорат рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҷаласаи ҳайати мушовараро баргузор намуд, ки дар он тариқи телевизион ба таври мустақим намояндагони вилояти Суғд низ иштирок карданд. «Мо тариқи Интернет ширкати мутахассисони вилояти Суғдро таъмин кардем ва агар дар давоми сол 15-16 чунин ҷаласа доир гардаду намояндагони аққалан як вилоят тариқи телевизион дар он ширкат варзанд, аз ҳисоби танҳо роҳкирои онҳо метавон 35-40 ҳазор сомониро сарфа сохт», - афзуд С.Сайфуддинов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста