Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон шурӯъ аз
имрӯз
ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони шаҳрвандӣ надошта тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ҷорӣ мегардад.
Чӣ тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст, ки он барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 30 то 50, шахсони мансабдор – аз 70 то 100 ва шахсониҳуқуқӣ - аз 250 то 300 музди меҳнати
ҳадди
аққал муқаррар гардидааст.
Ба ақидаи коршиноси мустақил Абдулло Қурбонов, тартиботи нав ба танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи бозори дохилии меҳнат, назорати қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ва воридоти зиёди маблағ ба буҷа мусоидат хоҳад кард.
Тибқи маълумоти хадамоти муҳоҷират, агар соли 2007 ҳудуди 30 ҳазор мутахассисони хориҷӣ вориди Тоҷикистон гардида бошанд, пас ин шумора дар соли гузашта ба 62 ҳазор нафар расидааст. Соли 2008 барои будубоши ғайриқонунӣ 968 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҷазои маъмурӣ гирифта, 186 нафарашон ба ватан фиристода шуда буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста