Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз Хадамоти марказии танзими барқи ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, феълан ба ҳамаи манотиқи кишвар интиқоли барқ мунтазам таъмин карда мешавад. «Танҳо ба баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини дурдаст шабонарӯзӣ ба муддати 18-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба кишвар аз Туркманистону Ӯзбекистон дар ҳаҷми 14-16 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад. Дар дохили ҷумҳурӣ то 20 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид мегардад, ки 70 дарсади он ба нерӯгоҳи Норак мансуб аст. «Талаботи кишвар ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз 40 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста