Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкати саҳомии холдингии кушоди «Барқи тоҷик» қарзи худ ё қисмате аз онро дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» бо нерӯи барқ ҳисоббаробарӣ карданист, зеро дар мависми тобистон ҷумҳурӣ имкон дорад тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи ҷануби Русия нерӯи барқ интиқол диҳад.
Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзҳои наздик оид ба ҳалли масъалаи мазкур бо мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ҷаласаи муштарак гузаронида мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, то имрӯз ба нерӯгоҳ 2 млн. сомонӣ аз маблағи қарз пардохта шудааст. Ба гуфтаи директори назорати техникии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 Маҳмадсаид Шамсуллоев, қисмате аз ин маблағ ҷиҳати пардохти музди меҳнати коргарон равона гардида, ба коргарон рӯзи ба коршиканӣ даст задан маош пардохта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди Ҷ
C
К «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ширкат барқро аз нерӯгоҳ бо арзиши 3,1 барои 1 кВт/соат харидорӣ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста