Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои 17-19-уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи низомии Фахробод тамринҳои низомии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд.
Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин ширкат хоҳанд варзид. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории тамринҳо ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии хизматчиёни ҳарбӣ, табодули таҷриба ва омодагии минбаъда ба мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии сиёсӣ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста