Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов изҳор дошт, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумони ҷумҳурӣ яке аз рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҳар кадоме аз кишварҳо маҳсуб гардида, дар он бояд посухҳо ба масоили муҳими дар ҷомеа ҷойдошта дарҷ ёфта бошанд. «Барои Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ аз чунин масоил мебошанд», - гуфт ӯ.
П.Муллоҷонов мегӯяд, яке аз масоили муҳим - бӯҳрони молӣ, таъсири оқибатҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин росто аст ва мардум маҳз ба ин суол посух мехоҳад. «Масъалаи дигар – таҳияи стратегияи зиддибӯҳронии ҳукумат аст ва агар он то ҳанӯз дар ҳоли коркард қарор дошта бошад, пас дар паём воситаҳои мушаххаси раҳоӣ аз он дарҷ нахоҳанд ёфт», - изҳор дошт сиёсатшинос.
Сиёсатшинос таъкид сохт, ки маъмулан дар замони бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши парлумони кишварҳо ба таври назаррас боло меравад. «Гап сари он аст, ки стратегияи раҳоӣ аз бӯҳрон бидуни қабули як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии мушаххас имконнопазир аст ва парлумони касбӣ дар ин ҳолат бояд ба қадри кофӣ дар қабули қарор мустақил бошад, - идома дод ӯ. – Дар ин давра намояндагони мардумӣ бояд
баҳри таҳия ва қабули қонунҳо ташаббус нишон диҳанд».
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел бо памёи ҳамасола ба парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста