Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асоси фармонҳои чанде қабл баимзорасида аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ аз ин ба баъд дар як вақт вазифаи сафири кишвар дар Яманро низ иҷро хоҳад кард.

            Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Миср Нарзулло Назаров дар як вақт вазифаи сафири ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Халқии Либияи Арабро низ ба ӯҳда мегирад. «Ба дӯши сафири Тоҷикистон дар Белгия дар як вақт иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Люксембург ва Шоҳигарии Нидерланд вогузор шуд», - афзуд манбаъ.