Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Пйер Морел изҳор дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, аз тарзи муносиботи пешин даст кашида, ба роҳандозии муносибатҳои ҷадид шурӯъ созанд.
Ӯ таъкид сохт, ки ҳарчанд ИА дар минтақа нақши умда надошта бошад ҳам, «мо тавсия медиҳем, ки дар масъалаи тақсими захоири об муносибатҳои нав пеш гирифта шаванд». «Дар шароити кунунӣ аз бунёди сарбандҳои азим барои нерӯгоҳҳо, ки ба муҳити зист хатар эҷод месозанд, мебояд даст кашид ва ба ивази он шумори нерӯгоҳҳои хурди барқиро афзун бояд кард», - гуфт ӯ.
Ба назари ӯ, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар минтақа таъсиси мақомоти ягонаи ҳамоҳангсозии масоили марбут ба захираҳои обӣ мувофиқи мақсад аст.
Дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ номбурда гуфт, дар ин масъала Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои аз ҳама бештар осебпазиранд ва коҳиши маҳсулоти содиротиву ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон метавонад ба иқтисоди ин кишварҳо таъсири манфӣ расонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста