Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Вазорати умури хориҷии ҶТ бо иштироки мақомоти раҳбарии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе вохӯрии директори генералии КВД «Тоҷдипсервис» Ардашери Қодирӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои ба он баробаршуда баргузор шуд.
Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масъалаи аз ҷониби намояндагони корпусҳои дипломатӣ риоя кардани қоидаҳои амалкунадаи ҳаракат дар роҳ дар ҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
А.Қодирӣ аз намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ба риояи қоидаҳои муқаррашудаи ҶТ дар бораи ҳаракат дар роҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир созанд ва новобаста аз шаҳрванди кишвари хориҷӣ буданашон, дар сурати дуруст будани талаботи кормандони БДА, ба онҳо итоат намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста