Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷумҳурӣ барои ҳамаи истифодабарандагон аз моҳи апрел арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбекистон ба андозаи 9,8 дарсад боло меравад.

Чӣ тавре ки аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бинобар афзоиши қурби доллари амрикоӣ, ахири моҳи феврал ҳукумат тасмим гирифтааст, арзиши газро афзун созад.

Ҳамин тариқ, шурӯъ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ арзиши 1 ҳазор метри мукааби газ барои аҳолӣ беш аз 1 ҳазору 164 сомонӣ ва барои корхонаҳои бузург 1 ҳазору 079 сомониро ташкил медиҳад. «Агар ояндаи наздик қурби доллари ИМА коҳиш ёбад, мутаносибан арзиши газ низ поин хоҳад рафт», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки феълан дар як шабонарӯз ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя тақрибан 20-212 ҳазор метри мукааб газ ворид мегардад. Қарзи ҷумҳурӣ барои истифодаи газ дар назди Ӯзбекистон ба 16 млн. доллари ИМА баробар аст.