Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба муносибати ҷ ашни 10-умин солгарди таъсис, ки 1-уми июни соли ҷорӣ таҷлил мегардад,   таҳти унвони «Мо зидди маводи нашъаовар» озмуни расми к ӯ даконро баргузор кард.

            Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории озмун – ҷалби кӯдакону наврасон ба таблиғи тарзи ҳаёти солим аст. Дар ин чорабинӣ беш аз 70 нафар кӯдакон аз 11 мактаби шаҳри Душанбе иштирок карданд. «Ба озмун 68 кори иштирокчиён дар мавзӯи тарзи ҳаёти солим пешниҳод гардида, ҳайати ҳакамон расми толибилми мактаби рақами 12 Вазира Эргашеваи 14-соларо ба мақоми аввал сазовор донист ва ӯ бо дастгоҳи маркази мусиқӣ сарфароз гардддонида шуд. «Зинаи дуввум ва телефонии мобилӣ насиби Дилноза Саъдуллоева (мактаби рақами 18, 8-сола) ва ҷойи саввум бо МРЗ-плеер насиби Тамара Кёниг (мактаби рақами 12, 14-сола) гардид», - афзуд манбаъ.