Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи иттилои Кумитаи омори кишварҳои узви ИДМ, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,5 дарсадро ташкил додаст.
Ин нишондиҳанда аз ҳама бештар дар Русия – ба андозаи 12,3, Арманистон – 6,2 ва Қазоқистон – 4,5 дарсад поин рафтааст.
Афзоиши ҳаҷми ММД дар ин давра дар кишварҳои дигар узви ИДМ ба таври зайл нишон дода шудааст: Ӯзбекистон – 7,9; Молдова – 7,2; Озарбойҷон – 4,1; Гурҷистону Украина – 2,1; Белорус – 1,1 ва Қирғизистон – 0,2 дарсад.
Кумитаи омори ИДМ ҳамчунин коҳиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳоро ба қайд гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар Украина
ба андозаи - 31,9; Молдова – 24,2; Қирғизистон – 19,5; Русия – 14,3; Арманистон – 9,5; Тоҷикистон – 8,2; Қазоқистон – 4,6; Белорус – 4,5 ва Озарбойҷон – 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин давра Ӯзбекистон ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 9,9 дарсад ноил гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста