Кӯлоб 12-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии низомии гарнизони Хатлон сабаби даст ба худкушӣ задани хизматчии ҳарбии қисми низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Данғараро мавриди тафтиш қарор додааст.

            Чӣ тавре ки муовини додситони низомии гарнизон Сулаймон Сиддиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 4-уми апрели соли ҷорӣ сарбози қисми низомӣ Абдухолиқ Ҳошимов бо автомати Калашников худро парронда, ба ҳалокат расидааст.

            Ба гуфтаи додситони низомӣ, пурсуҷӯҳо нишон доданд, ки ба худкушӣ даст задани сарбоз ба муносиботи ӯ бо оилааш вобаста аст, зеро пеш аз навбатдорӣ ӯ бо аҳли хонаводааш сӯҳбати телефонӣ дошта, табъаш нохуш шудааст. «Мақомот марбут будани ин ҳодиса ба муносиботи ғайриоииномавӣ дар қисми низомиро низ тафтиш карданд, вале ҳеҷ асосе пайдо накарданд», - гуфт ӯ.