Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ» роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфениг изҳор дошт,ки дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 33 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ӯ гуфт, иқтисоди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба интиқоли маблағҳо аз Русия вобастаанд ва дар Тоҷикистон ин вобастагӣ бештар эҳсос мешавад. «Ҳиссаи маблағҳои интиқолшуда дар соли 2008 қариб 55 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил дод», - гуфт ӯ.

Ба қавли намояндаи ХБА, раванди коҳиши ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ муддати тамоми сол идома хоҳад ёфт, зеро суръати рушди иқтисодӣ дар Русия соли ҷорӣ 6 дарсад поин хоҳад рафт.

Дар мавриди суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон номбурда гуфт, қаблан он 2 дарсад пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти хавфҳо, ки метавонанд амалӣ гарданд, имкон дорад дар ахири сол он ба сифр баробар шавад.

А.Шиммелпфениг афзуд, соли 2009 арзиши нахи пахта ба андозаи 23 ва алюминий то 50 дарсад поин хоҳад рафт.