Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз хоҷагиҳои деҳқонии кишвар аз 140 млн. сомонӣ маблағи ҷудокардаи ҳукумат барои рушди соҳаи пахтакорӣ 64 млн. 130 ҳазор сомониашро ба бонкҳо пардохт намуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ Сафар Маҳмадиев иттилоъ дод, айни замон ба «Амонатбонк» аз 40 млн. сомонии маблағи қарз 19 млн. сомонӣ, ба Агроинвестбонк» аз 50 млн. сомонӣ - 18,7 млн. сомонӣ, ба «Ориёнбонк» аз 35 млн. сомонӣ - 15 млн. сомонӣ, ба «Тоҷпромбонк» аз 5 млн. сомонӣ - беш аз 2 млн. сомонӣ ва «Бонки рушди Тоҷикистон аз 5 млн. сомонии маблағи қарзи соли гузашта беш аз 3,5 млн. сомонӣ маблағи қарзҳо пардохта шудаанд. «Маблағи қарзи аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» ба хоҷагиҳои пахтакор додашуда дар ҳаҷми пурра баргардонида шудааст», - афзуд Маҳмадиев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста