Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳаҷми хисороти расида ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ бар асари боришоти шадиди муттасил аз 88 млн. сомонӣ бештар аст: баҳори имсол аз обуҳавои номусоид ҳудуди 40 ҳазор гектар заминҳои кишти ҷумҳурӣ зарар диданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар соҳаи пахтакорӣ дар 22 ҳазор гектар замин ба маблағи беш аз 22 млн. сомонӣ ва дар бахши истеҳсоли зироати ғалладона дар майдони зиёда аз 8 ҳазор гектар дар ҳаҷми беш аз 8 млн. сомонӣ хисорот ворид гардида, ҳамчунин наздики 3 ҳазор гектар боғ ва беш аз 2,5 ҳазор гектар ангурзор низ осеб диданд.
Тибқи маълумоти фаврии коршиносон, инчунин 77 сар чорвои калони шохдор ва 353 сар чорвои майда низ талаф ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста