Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти раҳбарии ҳаракати «Толибон» Эрону Тоҷикистонро аз оқибатҳои ногувори дастгирӣ кардани маъракаи мубориза бо онҳо ва идомаи ҳамкорӣ дар ин самт бо ИМА ҳушдор додааст.
Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизонии «Ал-Ҷазира» сарвари шӯрои сиёсии ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон Абдул Васа Оғоҷон Муҳтасим изҳор доштааст, ки розигии Тоҷикистон дар мавриди интиқоли борҳои ғайринизомии ИМА ба Афғонистон тавассути қаламраваш маънои онро дорад, ки ин кишвар низ дар роҳандозии амалҳои зӯроварӣ ва таҷовуз нисбат ба дини ислом ва Афғонистон шарик аст.
Тибқи иттилои хабаргузории ВВС,
Абдул Васа Оғоҷон Муҳтасим аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз ҳамкорӣ бо Кохи Сафед дар ин маврид даст кашад, вале аз посухи мушаххас оид ба чӣ иқдоме пеш гирифтан дар сурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА худдорӣ намудааст.
Тибқи маълумоти ВВС, мақомоти расмии Душанбе гуфтаанд, ки ба изҳороти гурӯҳҳои ғайрирасмӣ вокуниш нишон нахоҳанд дод, вале хадамоти дахлдор чунин изҳоротро мавриди баррасӣ қарор дода, тадбирҳо меандешанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони кишвар аз таҳдиди ҳаракати «Толибон» изҳори нигаронӣ доранд. Ба назари коршиносони бахши низомӣ, изҳороти ҷонибдорони ҳаракатро набояд нодида гирифт. Дар мусоҳиба ба хабаргузории ВВС сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор доштааст, ки «мо воқеъаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрикоро хуб дар хотир дорем ва агар «Толибон» он замон дар Амрико ба чӣ қодир будани худро нишон дода бошанд, пас чаро наметавонистаанд онро дар яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ созанд?»
А.Мамадазимов афзудааст, начандон дуртар аз кишвари мо (



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста