«Вазоратҳои кишоварз ӣ , мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсоз ӣ , геодез ӣ ва харитасоз ӣ , Академияи илмҳои кишоварз ӣ як ҷ о бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти и ҷ роияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки оид ба таҳкими заминаи қонунгузории давраи нави ислоҳоти соҳаи кишоварз ӣ , таъмини и ҷ рои он, ба гардиши кишоварз ӣ ворид намудани заминҳои нав, ҳамасола ба 200 ҳазор гектар расонидани майдони кишти такрории зироатҳо чораҳои қатъ ӣ андешанд».
Аз Паёми Президенти
Ҷ
умҳурии
То
ҷ
икистон Эмомал
ӣ
Раҳмон ба Ма
ҷ
лиси
Олии
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон,
15 апрели соли 2009
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони комплекси агросаноатӣ (апрели соли 2000) зикр намуд, ки таҷрибаҳои гузаронидаи олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба гирифтани 15 тонна дони ғаллагиҳо аз як гектар рекорд дар таҷрибаи ҷаҳонии зироаткорӣ мебошад. Дар баромади барномавии худ дар ноҳияи Данғара (майи соли 2008) Сардори давлат зарурати ҳалли проблемаи таъминоти ғизоии мамлакатро бардошта, дар назди масъулони соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт ва дар ин замина васеъ ҷорӣ намудани кишти такрории зироатҳоро ҳамчун захираи боэътимоди зиёд намудани истеҳсоли ғалла дар ҷумҳурӣ донист.
Проблемаи ғалла дар Тоҷикистон асосӣ буда, дар таъмини маводи ғизоии мамлакат мавқеи ҳалкунандаро ишғол менамояд. Муҳимияти ин проблема бо ҳамасола зиёд шудани шумораи аҳолӣ вобастагии зич дорад. Ғалладона маҳсулоти стратегӣ ва ғаллапарварӣ соҳаи аввалиндараҷа аст. Аммо фарқият байни истеҳсол ва истеъмоли дони ғаллагиҳо дар мамлакат ҷиддӣ ба назар мерасад. Дар як сол қариб 900 ҳазор тонна ғалла истеҳсол мешавад, ки ба ҳар сар аҳолии 7 – миллионнафараи ҷумҳурӣ қариб 130 кг рост меояд. Асосан талаботи хоҷагии халқи мамлакат ба дон ва маҳсулоти нонӣ аз ҳисоби воридот таъмин мегардад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба зиёд намудани истеҳсоли ғалла як қатор чорабиниҳо амалӣ намуда, майдонҳои кишти онро ба зиёда аз 400 ҳазор гектар расонидааст, ки қариб 45 фоизи заминҳои умумии киштшавандаро дар бар мегирад.
Беҳад муҳим будани таъмини бехатарии озуқавии мамлакат дарёфти захираҳои нави зиёд намудани истеҳсоли ғалларо талаб мекунад. Яке аз захираҳои асосии ин васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обист.
Дар ҷумҳурӣ имконияти зиёд намудани истеҳсоли ғалла аз ҳисоби сарфакорона истифода бурдани захираҳои биоиқлимӣ, васеъ намудани майдони ғаллазор дар заминҳои обӣ, самаранок истифодабарии майдонҳои киштшаванда ва рӯёнидани ду ҳосил мавҷуд аст. Ба ин фаровонии миқдори гармӣ, захираи кофии об дар давраи нашъунамои растанӣ дар водиҳои мамлакат дар қисмати дуюми тобистон ва аввали тирамоҳ ба пуррагӣ мусоидат менамояд. Тадқиқоти илмии бисёрсолаи кормандони кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки аз солҳои 60 – уми асри гузашта ин ҷониб дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, ба ин гувоҳӣ медиҳанд.
Шарти асосии гирифтани ду ҳосили дон дар як сол интихоби дурусти зироатҳои тезпаз ва навъҳои серҳосил ҳам барои кишти тирамоҳӣ ва ҳам такрорӣ, риояи қатъии технология, сари вақт ва босифат иҷро намудани чорабиниҳои агротехникӣ, риояи мӯҳлати кишт ва ҷамъовариро талаб мекунад.
Кишти нисбатан барвақти ғаллагиҳои тирамоҳӣ ба сабзиши саросарии растаниҳо мусоидат намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки то фарорасии фасли зимистон реша мустаҳкам карда, қобилияти устувори худро ба сармо пайдо намоянд.
Вобаста бо нишондодҳои бисёрсола баъд аз ҷамъоварии ҳосили дони зироатҳои ғаллагии кишти тирамоҳӣ аз миёнаи дуюми фасли тобистон давомоти мӯҳлат бо ҳарорати аз 100 С боло ба ҳисоби миёна дар водии вилояти Суғд -100 – 110 рӯз, водии Ҳисор 120-130 ва дар вилояти Хатлон 140-150 рӯзро ташкил медиҳад. Ин мӯҳлат пурра басандааст, ки ҳангоми интихоби дурусти зироатҳои давомоти давраи инкишофашон мувофиқ аз заминҳои обӣ ҳосили дуюми дони зироатҳои ғаллагӣ рӯёнида шавад.
Барои гирифтани ду ҳосили дон дар як сол зироатҳои ғаллагӣ, аз қабили гандум, ҷав, тритикалеро тирамоҳ баъд аз ҷамъоварии ҳосили пахта ва ҳам баъд аз ғундоштани сабзавоту полезиҳо ва ҷуворимаккаю ҷуворӣ дар моҳи октябр кишт намудан мумкин аст.
Пас аз ҷамъоварии ғалла ҷуворимакка, ҷуворӣ, шолӣ, арзан, мош, лӯбиёи чинӣ ва нахӯд кишт намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Аз рӯи нишондоди таҷрибаҳои илмӣ дар шимоли Тоҷикистон (с 1964-1966) аз ду кишт дар як сол то 106 с/га ҳосил рӯёнда шудааст, ки аз он 36 с/га ҳосили дони ҷави тирамоҳӣ ва 70 с/га ҳосили ҷуворимаккаи баъд аз ҷав киштшуда мебошад. Ҳосили гандуми тирамоҳӣ 30 с/га ва ҷуворимаккаи такрорӣ 72,3 с/га-ро ташкил намуд, ки ҷамъ ба 102,3 с/га баробар аст. Ҳосили дони шолии такрорӣ – 15 с/га (қисман дони шолӣ напухт), ҷуворӣ – 46,6 с/га, нахӯд – 13 с/га ва мош 11,6 с/га-ро дар бар гирифтааст.
Дар водии Ҳисор вобаста аз интихоби зироатҳои тирамоҳӣ ва кишти такрорӣ ҳосили дон аз ду ҳосил 130-160 с/га-ро ташкил додааст.
Ҳосили баланди дон -160 с/га аз ду ҳосил баъд аз кишти тритикале, гандуми тирамоҳӣ ва кишти такрории ҷуворимакка рӯёнида шуд.
Дар заминҳои обии хоҷагии «Сурхоб»-и ноҳияи Фархор, ҳосили баланди донро аз кишти тирамоҳии гандум ва кишти такрории шолию ҷуворимакка ба даст оварда буданд.
Шароити нашъунамои зироатҳои такрорӣ аз кишти баҳорӣ куллан фарқ мекунад. Чунки ҳарорати хоку ҳаво дар давраи нашъунамои онҳо хеле баланд аст ва дар охири нашъунамо баръакс, хеле паст шуда, инчунин намнокии ҳаво ва давомнокии рӯз дигар мешавад. Ҳамаи ин ба маҷмӯи тараққиёти растанӣ таъсир мерасонад. Ин ҳолатҳоро вақти ба амал барвардани тадбирҳои агротехникӣ ба инобат гирифтан зарур аст. Солҳои 1985-1990 кафедраи растанипарварии ДАТ оид ба гирифтани ду ҳосили тарҳрезишудаи дон ва андохтани нурӣ ба ҳосили пешбинишудаи ғаллагиҳои тирамоҳӣ ва такрорӣ, аз қабили ҷуворимакка, лӯбиёи чинӣ ва мош дар шароити иқлими водиҳои Ҳисору Вахш тадқиқоти илмӣ гузаронид. Гандум, ҷав ва тритикале тирамоҳ баъд аз ҷамъоварии пахта дар моҳи ноябр кишт шуданд. Дар байни ин зироатҳо ҳосили баланд аз гандуми навъи интенсивии «Сете-Серос-66» гирифта шуд, ки ба 75,8 с/га баробар буд.
Солҳои 2000-2007 дар водии Ҳисор таҷрибаҳои илмӣ оид ба парвариши шолӣ дар кишти такрорӣ гузаронида шуданд, ки аз омӯзиши мӯҳлатҳои кишт, тарзи кишт, меъёри кишт, меъёри обмонӣ ва парвариши кӯчатии шолӣ иборат буданд. Ҳосили баланд (64-65 с/га) аз усули кишти бартанг (7-8 см) бо меъёри 7 млн. дона тухмӣ дар як гектар аз парвариши кӯчати 30-35 рӯзаи шолӣ гирифта шуд.
Таҷрибаҳои илмӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳанд, ки имконияти ҳақиқии зиёд намудани истеҳсоли ғалла аз заминҳои обёришаванда бо истифода аз парвариши ду ҳосили ғаллагиҳо мавҷуд аст. Ин ифодагари татбиқи амалии гуфтаҳои олими намоёни ҷаҳонӣ К. Тимирязев мебошад, ки фармудааст: «Касе тавонад дар он ҷое, ки як хӯша месабзид, ду хӯша рӯёнад, сазовори миннатдории аҳли башар хоҳад буд» ва маҳз ҳамин гуна татбиқ бехатарии ғизоии мамлакатро таъмин менамояд.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста