Кӯлоб. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз оғози сол муассисаҳои хурди қарздиҳӣ дар минтақаи Кӯлоб ба маблағи умумии 2 млн. 455 ҳазору 285 сомонӣ қарз пешниҳод карданд, ки 10 дарсади ҳаҷми умумии пешниҳоди қарзҳо дар минтақаро ташкил медиҳад.
Бар пояи маълумоти манбаъ аз муассисаҳои мазкур, ин муассисаҳо ду-се соли ахир ба фаъолият шурӯъ карда, созмонҳои хурди қарздиҳии «Шӯрообод» дар ноҳияи Шӯрообод ва «Рушди Восеъ» дар ноҳияи Восеъ соли ҷорӣ таъсис дода шуда, ба мизоҷон ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ қарз пешниҳод карданд. «Барои муқоиса метавон шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар минтақаро мисол овард, ки дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ба рушди бахши кишоварзӣ ҳамагӣ 50 ҳазор сомонӣ ба мизоҷони худ қарз ҷудо кардааст», - гуфт манбаъ.
Гувоҳи миёни мардум маъруф гардидани муассисаҳои хурди қарздиҳӣ он аст, ки сандуқи қарзии ин муассисаҳо дар зарфи як сол ба андозаи 100 дарсад зиёд шудааст. «Барои намуна, муассисаи хурди қарздиҳии «Имдоди Хутал» имрӯз 972 нафар мизоҷ дорад, ки аксари шӯъбаҳои бонкҳо ин миқдор мизоҷро доро нестанд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста