Ҳангоме бо мушкилоти сангин вориди дафтари кории як ҳоким мегардед, аз ду қавоқи ӯ заҳр мерезад, ки табъатон хира мешавад вале чун ӯро мешунавед, дилатон беҳузур мешавад. Чаро чунин мешавад, кистанд ин ҳокимон?

                Ба ёдовардани тарз ва усулҳои зиёди низом ва фархангҳои давлатдорӣ чандон кори душворе нест. Агар андаке таваҷҷӯҳ шавад, миллатҳои худшинохта ва худогох таҷрибаи беҳтарини онро дар раванди ташаккули давлатдории хеш бо услубҳои муносиб ҳамагонӣ карда тавонистаанд.

                Ҳатто қавму миллатҳое, ки дар шаклгирии тамадунҳо натанҳо ҷову мақом, ҳатто номе аз онҳо бурда намешуд, имрӯз дар баъзе усул ва услуби давлатдорй намунаи дигарон карор гирифтаанд. Пешрафт ва дастовардҳои чашмгири ҷанбаҳои муҳими ҷомеадории онҳоро метавон далели гуфтаҳои боло гуфт. Аммо барои ҷомеаи имрӯзи мо саволи матраҳ ин аст, ки чаро бо он ки аз ориёиву тамаддунофарй, соҳибфарҳангиву давлатсозӣ ва боз кадом ҳарфҳои болохонадори дигаре истифода мекунем ва гӯё ифтихор ҳам мекунем, ҷойгоҳи муносиби хешро натанҳо дар сатҳи Осиёӣ, ҳатто минтақа барқарор карда наметавонем? Саволи мазкур эҳтимол бештар сари афродеро ба дардовардааст, ки аз ҷанбаҳои тавонмандии гузаштагони хеш огоҳии бештар дошта, онро дар асораи миллат мебинанд. Ва ба ин бовар ҳам ҳастанд, ки баргашти он ба асли хеш ногузир аст.

                Ҳоло тавре ба мушоҳида мерасад, атрофи камбудӣ ва корбурди мақомот ва ниҳодҳои давлатдории кишвар ва дар умум услубҳои алоҳидаи номуносиби он дар саҳифаҳои ВАО-и мустаъқил интикодҳо шиддат пайдо кардаанд. Ва ин як амри табиист, вале бесабаб ҳам нест. Чунки таҳлили вазъ ва раванди фаъолияти давлатмардони кишвар натиҷаи чашмгиреро нишон дода наметавонад, албатта дастоварди сулҳ ин ҷо истисност. Ва ҳеҷ солимақле ин дастовардро поин бурданӣ ҳам нест, баръакс ин фазои сулҳ аст, ки умеди расидан ба рӯзгори ободу осударо дар қалбҳо тақвият мебахшад. Пас боз хам саволи дигаре матраҳ аст, ки чаро аз мудҳиштарин мушкилот, яъне ҷанги таҳмилӣ роҳи наҷот пайдо карда тавонистем, вале дар масоили дигар ба бумбаст мувоҷеҳ гаштаем? Дар ин маврид ҷавоби мушаххас додан чандон кори осон нест. Ба ҳар ҳол як чиз, яъне камбудии аслй маълум аст, он ҳам сулҳ ва дастовардҳои баъдии онро якҷониба арзёбӣ кардан ва паси шонаҳои президент савлат рондани мақомоти кишвар аст. Мисоли айнии онро дар чандин шаҳру навоҳии тобеи марказ дидан мумкин аст. Ҳангоме бо мушкилоти сангин вориди дафтари кори ҳоким мегардед, аз ду қавоқи он кас заҳр мерезад ва ҳангоми муроҷиат он хам аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон рӯи хушеро эҳсос кардан мумкин нест. «Ба ман расмӣ муроҷиат намоед ва ман расмӣ ҷавоб медиҳам. Ин ҷо ман намояндаи президент мебошам ва фақат дастури Дастгоҳи иҷроияи президентро қабул дорам»-ҷавоб медиҳад ҳоким. Агар муносибат ба як вакили мардум чунин ҳаст, вой бар ҳоли як корафтодаи одӣ, ки бе иҷозаи мақоми аввали ноҳия ба дохили бино роҳ дода намешавад. Ва талоши чандрӯза лозим мешавад, то аз садгузориҳои «боргоҳ»-и аксари мақомоти иҷроия гузашта, ба «зиёрат»-и ҳокимони маҳал шарафёб гардад.

                Оё ин ҳокиму ҳокимчаҳо бо ин тарзи муносибат обурӯи президентро ҳифз кардан мехоҳанд ё баръакс? Аслан маълум нест, ки ҷомеа пайваста дар як вазъияти комендантӣ басар мебарад ё фарҳанги мақомоту услуби давлатдорй чунин аст. Пайдо шудани аксу лавҳаҳои зиёде, ки дар онҳо ин гуна намояндагони президент ва ҳатто ҷамоатҳои деҳот худро атрофиёни президент нишон доданӣ мешаванд, аз як худхоҳие беш нест. Гумон мекунам, аз ин ба баъд ташаббусҳои мазкур факат ва факат нуфӯзи президентро дар назди мардум поин мебаранд. Эҳтимол дастури ахири сарвари давлат ҳам дар мавриди аз байн бурдани ин гуна ташаббусҳо ба ҳамин хотир ихтисосгардида бошад.

                Мисоли дигари суистифода аз боварии президент амалҳои собиқ роҳбарони БМТ мебошад, ки дар ВАО-и мустақил хеле ошкор шарҳу эзоҳ пайдо кард. Пас дар ин марҳалаи ҳассоси давлатдорӣ ва мушкилоти рӯзафзуни ҷомеъа бо ин гуна кору амали мақомот ҳукумати иҷроияи кишвар ҷавобгӯи ниёзҳои мардум буда метавонад?