Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки қурби асъори миллӣ ба як сатҳи муайян расид ва мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки онро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем. «Феълан қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА ба 4,6 сомонӣ барои 1 $ баробар аст, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси БМТ, як қатор кишварҳо бо назардошти захираҳои асъории худ дар як рӯз қурби асъори миллиашонро нисбат ба доллари ИМА ба андозаи зиёда аз 25 дарсад поин фароварданд, вале чун мо захираҳои асъории кофиро доро набудем, маҷбур шудем, ки тадриҷан қурби асъори миллиро коҳиш диҳем. «Чунин вазъ х
ох нохоҳ ба қурби асъори миллӣ таъсир расонида, дар мохи апрел таносуби он ба 2,5 баробар шуд ва фикр мекунам дар моҳи май то ба 1,5 – 1,8 поён равад, ки то наздик шудан ба баробарии таносуби байни содироту воридот фишор албатта ба қурби пул боқӣ мемонад», - баён дошт вай.
Раиси БМТ мӯътақид аст, ки Тоҷикистон бояд қурби асъори миллии худро мутобиқи қурби асъори шарикони асосии тиҷоратии худ – Русияву Қазоқистон танзим намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста