Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе Омӯзишгоҳи олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба идораи марзҳо ифтитоҳ гардид.
Дар омӯзишгоҳ ҳайати фармондеҳии нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви САҲА ва ҳамчунин кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳсил карда, дар он ба роҳандозии барномаи таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ дар минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.
Дар маросими ифтитоҳи омӯзишгоҳ вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки барои таъсис ва фаъолияти муассисаи таълимӣ кишварҳои узви САҲА дар муддати 7 сол 5 млн. Евро маблағ ҷудо месозанд, ки 2,3 млн. Еврои он соли аввали фаъолияти омӯзишгоҳ ихтисос дода мешавад.
Зикр гардид, ки давомнокии курсҳои омӯзишӣ дар ин омӯзишгоҳ 2 моҳ буда, дар муддати як сол чаҳор маротиба доир мегарданд. Дар ин ҷо ба шунавандагони курсҳо оид ба масоили мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳаи ҳастаӣ, биологӣ, кимиёвӣ, силоҳи оддии оташфишон, харидуфурӯши одамон ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста