Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва ширкати «
ANNA
Energy
Corporation
limited
» оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии бодӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти вазорат Тоҷинисо Азизова иттилоъ дод, моҳи июли соли ҷорӣ мутахассисони кореягӣ ба корҳои таҳқиқотӣ шурӯъ хоҳанд кард. «Бунёди чунин нерӯгоҳҳо дар маҳалҳои дорои иқлими мусоид барои сохтмон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоби ВМКБ, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирфта шудааст», - гуфт ӯ.
Т.Азизова афзуд, дар ноҳияи Мурғоб бунёди чаҳор нерӯгоҳи хурди барқии бодӣ бо иқтидори умумии 1 ҳазор кВт/соат ва дар ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Файзобод ва Рашт яктогӣ бо иқтидори 250 кВт пешбинӣ мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста