Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти ҷумҳурӣ аз баргузории амалиёт бо асъори хориҷӣ - ҳам харидуфурӯши доллари амрикову ҳам евро худдорӣ мекунанд. Кормандони нуқтаҳо сабаби чунин вазъро дар ноустувории қурби асъори миллии кишвар нисбат ба доллари ИМА шарҳ медиҳанд. «Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА пас аз нисфирӯзӣ муайян мешавад ва баъд мо ба амалиёт бо асъори хориҷӣ шурӯъ мекунем», - гуфтанд дар яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Яке аз соҳибкорони бозори «Корвон» Холмаҳмад Азизов мегӯяд, ки таъҷилан мехост 200 доллари амрикоиашро бо сомонӣ иваз кунад, вале дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори наздикии бозор аз қабули он даст кашидаанд. «Сабабашро шарҳ надоданд, лекин гуфтанд, ки то нисфирӯзӣ сабр намоем», - изҳор дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» хабаре расид, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори бозори «Султони Кабир» ба фаъолият пардохтаанд, вале онҳо танҳо асъори хориҷӣ, аз ҷумла, 1 доллари ИМА-ро бо арзиши 4,20 сомонӣ, 1 евроро – 5,40 сомонӣ ва 10 рубли русиро бо нархи 1,30 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз арзиши харидуфурӯши 1 $ - мутаносибан 4,70 ва 4,80, евро – то 5,9 ва 6 сомонӣ ва 10 рубли русӣ - 1,50 ва 1,60 сомониро ташкил медод.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳи вазъ худдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон қурби расмии харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ чунин аст: 1 доллари ИМА – 4,4537,1; 1 евро – 5,9761 ва 10 рубли русӣ - 1,4226 сомонӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста