Кӯлоб. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» -
Миёни 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ аз аввалинҳо шуда ба дарави ғалла шурӯъ карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси раёсати кишоварзии минтақа Абдулло Раҷабов иттилоъ дод, дирӯз дар ноҳияҳои номбурда ҳосили ғалла дар майдони
Ба гуфтаи мутахассиси масоили марбут ба техникаи раёсат Аҳмад Сафаров, барои мавсими дарави соли равон 112 комбайни ғалладаравӣ омода гардида, боз ҳудуди 200 комбайн дар ихтиёри хоҷагидорони хусусӣ мебошад. «Соли равон ҷамъоварии ҳосили ғалла дар
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мавсими дарави ғалла дар саросари ҷумҳурӣ рӯзи 10-уми июн оғоз гардида, тибқи маълумоти дар ихтиёрдоштаи вазорат, ба мавсими дарави зироати ғалладона дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар ҳоли мавҷуд будани 1 ҳазору 121 адад комбайни ғалладаравӣ, то имрӯз ҳамагӣ 600 комбайн ба кор омода гардидааст. «То оғози мавсим шумори комбайнҳо афзуда хоҳад шуд, зеро омода сохтани онҳо ба мавсим то ҳанӯз идома дорад», - гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.
Ёдрас мекунем, ки соли равон дар майдони 216 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт гардидааст, ки зиёда аз 120 ҳазор гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Дар вазорат мутмаинанд, ки имсол кишоварзон беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироатҳои ғалладона ба даст хоҳанд овард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста