Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Пулиси Миср то ҳанӯз 5 донишҷӯи тоҷикро, ки дар ҷараёни рейд шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, раҳо накардааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, он замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср на 14 нафар, балки 15 нафар донишҷӯёни тоҷик боздошт шуда буданд. Даҳ нафар донишҷӯён рӯзҳои 27-ум ва 30-юми май раҳо гардида, айни замон Шавкат Рамазонов, Хуршед Эрматов, Фаридун Гулов, Идибеки Зиёваддин ва Аламшо Шарипов дар боздоштгоҳ қарор доранд. «Ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик донишҷӯёни макотиби олии Миср буда, мустақилона баҳри таҳсил ба ин кишвар омадаанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Д.Назриев, намояндагони сафорати Тоҷикистон бо донишҷӯёни то ҳанӯз боздоштшуда мулоқот накардаанд, вале бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср доимо дар робита буда, дар фурсати наздиктарин ин масъаларо ба таври мусбат ҳал хоҳанд кард. «Намояндагони сафорат бо 10 нафар донишҷӯи раҳогардида сӯҳбат доштанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо аз муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср шикояте изҳор накард», - таъкид сохт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста