Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз барои истифодаи газ, ширкати «Узтрансгаз» интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ карданист.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, ҷониби Ӯзбекистон дар ин хусус онҳоро борҳо огоҳ кардааст ва чанде қабл ба корхона аз ширкати «Узтрансгаз» барқияи телефонӣ расидааст, ки дар он гуфта шудааст, агар то 15-уми июн 17,5 млн. $ маблағи қарз пардохта нашавад, худи ҳамон рӯз воридоти газ қатъ мегардад. «Мо баҳри пардохти қарз маблағ надорем, зеро қарзи худи мо пардохта намешавад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 10 млн. $, «корхонаи «Тоҷиксемент» - 2 млн. $ ва «Сомонсуғдгаз» низ 2 млн. $ аз корхонаи «Тоҷиктрансгаз» қарздор мебошанд.
Тибқи маълумоти ҶСК «Тоҷиктрансгаз», айни замон ҳаҷми воридоти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ тақрибан 18 ҳазор метри мукааб дар як соатро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста