Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон 11 ҳазор нафар омӯзгорони ҷавон, ки нисфашон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таҳсил кардаанд, мактабҳои олӣ ва миёнаи омӯзгориро хатм намуда, тибқи роҳхат ба тамоми манотиқи кишвар фиристода шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ Шермаҳмад Ёрмаҳмадов иттилоъ дод, ба макотиби деҳот 5 ҳазору 508 омӯзгори ҷавон фиристода шуданд.
Номбурда гуфт, феълан аз ҷониби вазорати маориф бобати баргардонидани маблағҳои буҷа, ки баҳри таҳсили донишҷӯён масраф гардидаасту онҳо ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, пешниҳод таҳия гардида, ба ҳукумат ирсол гардидааст ва дар ҳукумат он моҳи июл мавриди баррасӣ қарор мегирад. «Дар сурати маъқул шуморидани пешниҳод, аз донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷа таҳсил кардаанду тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, баргардонидани маблағи таҳсил талаб карда мешавад», - гуфт ӯ.
Ш.Ёрмаҳмадов афзуд, айни замон макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 3 ҳазору 414 нафар омӯзгор низ дорад. «Феълан дар 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумии кишвар 97 ҳазор омӯзгор машғули кор мебошанд», - изҳор дошт вай.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста