Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад - Тоҷикистон таҳти унвони «ВАО дар шароити бӯҳрони молӣ» мизи мудаввар ба кор шурӯъ кард. Дар кори мизи мудаввар намояндагони васоити ахбори умуми митақаҳои ҷумҳурӣ, коршиносон ва олимон ширкат меварзанд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов изҳор дошт, ки дар давоми рӯз масоили ба ҳадди камтарин расонидани таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба ВАО-и Тоҷикистон ва стратегияи дастгирии ВАО дар шароити бӯҳрон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Номбурда гуфт, аз рӯи натиҷаҳои мизи мудаввар қабули изҳороти ВАО-и кишвар ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди дастгирии ВАО дар давраи бӯҳрони молӣ ба нақша гирифта шудааст. «Мо ният дорем Ситоди зиддибӯҳроии журналистони Тоҷикистонро низ таъсис диҳем», - афзуд А.Сатторов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста