Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асари таркиши мина дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон боз як шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳодиса шоми рӯзи 2-юми июл дар наздикии кӯҳи Муллосойи ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент рух додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сокини маҳаллӣ - Мӯҳсин Мирзоеви 33-сола ҳангоми чаронидани чорво ба мина бархӯрда, аз таркиши он ба ҳалокат мерасад.
Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон минаҳо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шарқи кишвар ва дар марз бо Ӯзбекистон гузошта шуда буданд. Ҷониби Ӯзбекистон мингузориро дар сарҳад ҳамчун пешгирии воридшавии ҷанговарони тоҷик ба қаламрави кишвараш маънидод карда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста