Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вохӯрии минтақавӣ оид ба баррасии масоили манъи минаҳои зиддипиёдагард таҳти унвони «Конфронси Душанбе оид ба ноил гардидан ба озод кардани минтақаи Осиёи Марказӣ аз минаҳо» рӯзҳои 7-8-уми июл дар Душанбе доир мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Бахтиёр Бекмуродов иттилоъ дод, конфронс дар толори меҳмонхонаи Hyatt Regency баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои расмии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд варзид. «Конфронси мазкур саввумин вохӯрии минтақавӣ дар пешорӯи Конфронси дуввуми шарҳи Конвенсияи манъи минаҳои зиддипиёдагард мебошад, ки ахири соли ҷорӣ дар Колумбия доир мегардад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Б.Бекмуродов, 80 дарсади кишварҳои ҷаҳон ба ин конвенсия ҳамроҳ шудаанд, вале то ҳанӯз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз он дар каноранд ва дар конфронси Душанбе ба ин масъала низ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад шуд. «Дар конфронс масъалаҳои марбут ба аз минаҳо поккорӣ кардани қаламрави минтақа, кӯмак ба ҷабрдидагон аз инфиҷори он ва роҳандозии ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар ин самт баррасӣ мешаванд», - афзуд Бекмуродов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста